06.09.2024
Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддин ҷавобгу ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд.Бо зуҳури истиклол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранчкашидаи точик соҳибистиқлол гардид. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори точик аст, ки дар охири асри 20-ум ба даст омад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, хамфикрию хамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз ҳадия намуд. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи чахонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайѐра ҳамсадо месозад.
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Кишвари азизи мо Тоҷикистон макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шуҳратмандони шуҳратёру қаҳрамонон аз қабили Тусунзодаву Айнӣ, Рудакиву Сино, Сомониву Темурмалик, Бобоҷон Ғафурову Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли ин садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд, мебошад.
Садриддини Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Мақсум, Мирзо Турсунзода ва дигар шахсиятҳое буданд, ки хизматҳои арзанда карданд барои шуҳратёру шуҳратманд шудани Тоҷикистони азизамон ҳатто ҷони пурарзиши худро дареғ надоштанд. Аммо имрӯз на ҳама кас ба қадри ин неъмати бузург мерасанд.
Хиёнаткорони Ватан дар ҳама давру замон буданд ва имрӯз ҳам боқи мондаанд, ки бо супориши хоҷагони хориҷии худ берун аз кишвар ба сар бурда, ба суи ватани хеш санги маломат мезананд. Вале фаромуш кардаанд, ки миллати сарбаланди тоҷик кайҳо аз мақсадҳои нопоки онҳо бохабар буда, баръакс муттаҳид гашта, дар пешрафт ва рушди кишвари азизамон камари ҳимат мебанданд.
Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд, ин сулҳу ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хеле зиёд ба даст омадааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оред, солҳои 1992 мардуми тоҷик рузҳои даҳшатборро аз сар гузаронид. Ин даҳшат ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум фаромуш нахоҳад шуд.
Хушбахтона Тоҷикистони азиз 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт ва аз он лаҳза то ин дам мардуми шарифи мо бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри гулгулшуфоии ин сарзамин камари ҳиммат баста истодаанд.
Ин сарзамини куҳанбунёдро сиёсатмадори тавоно ва хирадманд Пешвои воқеии миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Маҳз бо заҳматҳо ва талоши ин марди хирад мо соҳибистиқлолии худро ҳифз кардем, миллат ва давлатро аз парокандагӣ наҷот додем ва сулҳи деринтизорро ба даст овардем. Хизматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат дар рушди иқтисодиёти мамлакат басо бузург аст. Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ пешниҳодоти хело муфидро манзур сохтанд, ки ба беҳбуди натанҳо халқ тоҷик, балки баҳри ҳифзи ҷони башарият равона гардидааст.
Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон бо ифтихори бузург гуфта метавонад, ки давлати пуриқтидор, ки замоне дар тасарруфи давлатҳои иттиҳод ҷой дошт ва як маротиба ҷанги шаҳрвандиро пушти сар намуд, хушбахтона имрӯз, мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва комилҳуқуқ аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яктост, қисматҳо надорад, якрангу якмаром аст. Мардуми ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эҳтирому эътироф мекунанд, чунки қавми як миллат як мазҳаб ва як нажоданд. Тоҷикистони азизи мо дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст. Бо вуҷуди камзамин будан кишвари ман дари худро ба рӯи миллионҳо нафар боз кардааст ва ба гуфти шоири ширинкаломи мо:
Нурест ба дидагони мо Истиклол,
Зуре ба тану равони мо Истиклол.
Як миллати пошхурдаро чамъ овард,
Пайвандгарди ҷаҳони мо Истиклол.
Воқеан Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфта истодааст, дорои нерӯи бузурги аз ҷиҳати тавлиди нерӯи барқ дар минтақа, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бойу ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз шарқу ғарб ва аз шимолу ҷануб мебошад.
Тоҷикистони азиз имсол 33 – юмин солгарди худро ҷашн мегирад.
33- соли муззаффариятҳо, кашфиётҳои қуллаҳои баланд, комёбиҳои дастрас ва имконпазир.
33- соли ободониву кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳои кишвар, расидан ба некбахтӣ, озоди ва сулҳу Ваҳдат.
33- соли хандаҳои кӯдакон, хурсандӣ ва шодиву нишоти пиру барно.
33- соли дастовардҳои назаррас дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг.
33 – соли пурбарор дар самти сиёсати муваффақ.
33 – соли комгор дар таъмир ва азнавсозии роҳҳои кишвар.
33 – соли муваффақиятҳо ва комёбиҳо дар паҳнои сиёсати хориҷии кишвар.
Боиси зикр аст, ки дар даврони Истиқлолият зану мард ва пиру барно дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолияти хеш камари ҳиммат бастанд. Дастовардҳои бузурги кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ба мардум қуввату неру, тавоноӣ бахшида, онҳоро ба комёбиҳо ва дастовардҳои бузург ҳидоят месозад. Имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат ва чаманистони дунёи орзуст.
Сари таъзим меорем ба обу хок ва гулу гиёҳи ин сарзамин ва бешубҳа, меболем аз он, ки як шахси кучаку меҳрпарвари ин сарзамини афсонавием. Тоҷикаму чун миллати баруманд ифтихор мекунам. Насли поки оли Сомонаму меҳру муҳаббат покдиливу самимият ва ору номуси бузургро мепарварам.
Самараи неки Истиклол аст, ки имрӯз Точикистон дар дунё чун давлати сулҳхоху сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омузиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист.
Имрӯзҳо мардуми бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти мо барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – сивусеслоагии Истиқлоли давлатӣ тамоми қаламрави кишварро ба майдони бузурги заҳмати созанда ва фаъолияти бунёкорона табдил додаанд. Махсусан пойтахти азизи мо шаҳри Душанбе бо ибтикори созанда ва заҳматҳои шабонарӯзии шаҳрдорӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба яке аз шаҳрҳои намунавии минтақа мубаддал гардидааст. Дар ин радиф қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо шаҳри Душанбе макони баргузории семинар ва симпозиумҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ гардидааст, ки дар он масъалаҳои муҳими глобалӣ матраҳ мегарданд. Дар охир чунончи Пешвои муаззами миллат мефармоянд “Ҳар яки мо бояд барои рушду такомули ин миллати баруманд аз дилу ҷон талош варзем”.
Асомуддин Насруллоев - курси 2 докторант PhD-и
Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ,
Самандар Раҳматшоев - курси 2 докторант PhD-и
Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ